СОЗИШНОМАҲОИ НАВ ВА ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД
Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти иқтисодшиноси шинохта Эмоми Раҳим, созишномаҳои нави байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва райони автономии Синсизян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар рушди муносибатҳои нави иқтисодӣ, савдо, энергетика, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, хоҷагии кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф, илму фарҳанги ҳарду давлати ҳамсоя саҳифаи нави ҳамкориро боз хоҳад кард. Тибқи созишномаҳои нав дар давоми ду соли оянда хати нави интиқоли барқи «Хуҷанд — Айнӣ» ба маблағи 36,9 млн. доллар, ки иқтидори он 220 кВт/ соатро ташкил медиҳад сохта хоҳад шуд. Тавассути фаъолияти соҳибкорони ҳарду ҷумҳурӣ иқтисодиёт сол аз сол ривоҷ ёфта, даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта мешаванд. Фаъолияти беш аз 40 шркати чинӣ дар Тоҷикистон нишон аз ҳамкориҳои бештар судмнди иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд кардаи ҷаҳонӣ мебошад. Соҳибкорони чинӣ дар соҳаи гидроэнергетика, саноат, хоҷагии кишоварзӣ, рушди пахтакорӣ, коркарди меваю сабзавот дар Тоҷикистон бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, ки он ба пешрафти иқтисоди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






