СУРАТҲИСОБИ ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР КУШОДА ШУД
Душанбе, 29 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев суратҳисоби хосаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таҳти рақами 202049728220101100015, PMA 020007879, ҳисоби корреспондентӣ 22402972000002, БИК 350101101, код 0190100 дар назди Раёсати хазинадории Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе кушода шуд. Суратҳисоби мазкур барои дастгирии молиявии омодагии шаҳри Душанбе баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 20 –умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати воридоти маблағҳои ройгонии мақомоти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорони инфиродӣ, шаҳрвандон ва маблағҳои аз ҳашарҳои умумишаҳрӣ ба даст омада, кушода шудааст. Дар робита аз роҳбарони субъектҳои дар боло зикршуда, хоҳиш карда шудааст, ки бо назардошти имкониятҳои молиявӣ тибқи қонунгузории муқарраргардида ҳар моҳ ба андозаи то 2 % -и маблағҳои фоидаи андозбандишаванда ва субъектҳои соҳибкории хурд, ки бо тарзи соддакардашуда андоз месупоранд ба андозаи то 1 % аз даромади андозбандишаванда, ба суратҳисоби мазкур маблағ гузаронанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






