ВАКИЛОН ДАР АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ КИШВАР ФАЪОЛ МЕГАРДАНД
Душанбе, 30 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳи фаъолияти худ 1 қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 қонуни мукаммал, 9 тағйиру илова ба Кодексҳо, 17 тағйиру илова ба қонунҳо, 18 созишнома, конвенсия ва протколҳоро кабул ва тасдиқ карданд, гуфт зимни ҳисоботи худ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони мамлакат 30 июн. Мавсуф аз фаъолияти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ин давра натиҷагирӣ карда, зикр намуд, ки алҳол дар палатаи поёнии парлумони мамлакат намояндагони 5 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, дар таҳия ва қабули қонунҳои ба манфиати ҷомеа ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар нигаронида шуда, нақши муассир мегузоранд. Ш. Зуҳуров афзуд, ки дар Маҷлиси намояндагон 12 нафар зан-вакил фаъолият менамояд, ки он бозгӯи қавӣ гардидани нерӯи созандаи занон дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат зикр кард, ки ҳар як вакили Маҷлиси намояндагон бояд манфиатҳои халқро тавассути таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯи талаботи замона ифода намояд. Инчунин, таъмини суботи сиёсӣ ва амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ -таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсонӣ раҳо додани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории ҷомеа барои вакилони Маҷлиси намояндагон бояд нақшаи мукаммали фаъолият гардад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






