26 ФОИЗИ ГАНДУМ ҶАМЪОВАРӢ ГАРДИД
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар ҳамаи ноҳияҳои ғаллакори ҷумҳурӣ дар масоҳати 247 ҳазору 211 гектар гандум кишт карда шудааст, ки то 30 –юми июни соли ҷорӣ майдони 68 ҳазору 326 гектар, ки 27,6 фоизи умумии замини кишти гандумро ташкил медиҳад даравида шудааст. То 30 –юми июн аз масоҳати даравидашуда 54 ҳазору 688 гектари он кӯфта шуда 148 ҳазору 872 тонна ҳосили гандум ба даст оварда шудааст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, ҳосили ба даст овардашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 ҳазору 973 тонна зиёд аст. Ҳосилнокии ғаллаи куфташуда бошад аз ҳар як гектар 27, 2 сентнериро ташкил додаст, ки нисбат ба соли 2009 0,6 сентнерӣ камтар аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






