Э.РАҲМОН ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ ОЛМОНРО ТАБРИК НАМУД

Июль 5, 2010 08:44

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  2  июл  ба  унвони  Президенти  Ҷумҳурии Федероли  Олмон Кристиан  Вулф барқияи  шодбош  фиристод. Дар  барқия  аз  ҷумла  гуфта  мешавад:  «Лутфан,  табрики самимонаи  маро  ба  муносибати   Президенти  Ҷумҳурии  Федероли  Олмон  интихоб  шуданатон  қабул  фармоед. Муносибатҳои   ҳамкорӣ  ва  шарокати  давлатҳоямон  тӯли  солҳои охир  ба  таври  назаррас   густариш  ёфтанд. Боварӣ  дорам, ки мо   ҳамроҳи  Шумо,  ҷаноби  аълоҳазрат  ба  муносибатҳои  кишварҳоямон  нерӯи  тоза  бахшида,   соҳаҳои  ҳамкории  худро ғанитару  васеътар   хоҳем  гардонд.  Ба  Шумо,  ҷаноби  Президент  дар  фаъолияти   давлатиатон   барору  комёбӣ  ва ба халқи  мамлакататон  сулҳ ва  рӯзгори  фараҳмандона  орзу  менамоям». Дар  ин  бора ба  АМИТ «Ховар»  аз  дафтари  матбуоти  Сардори  давлат  хабар  доданд.

Июль 5, 2010 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад