МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САИД МУҲАММАД ХАЙРХОҲ

Июль 31, 2010 09:32

Нимаи дуюми рўз 30 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Саид Муҳаммад Хайрхоҳро бо сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти созандаи Саид Муҳаммад Хайрхоҳро дар Тоҷикистон таъкид намуда, дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро дар партави нақшаю барномаҳои сершумори дуҷонибаю минтақавӣ умедбахш арзёбӣ намуд. Нақшаю тадбирҳои муштараки Тоҷикистону Афғонистон оид ба бунёди роҳу пулҳои минтақавии оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерўи барқ ва ғайра ба манфиати кулли кишварҳои минтақа маънидод гардид. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дурнамои авзои иҷтимоӣ-сиёсии Афғонистон, ҳамкориҳои сарҳадӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ду кишвар гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.      

Июль 31, 2010 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад