НАШЪУНАМОИ ПАХТА БАЪДИ КИШТИ ТАКРОРӢ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ тибқи дурнамои вазорат, бояд дар майдони 183 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида мешуд, аммо бо баъзе сабабҳои субективӣ нақшаи кишт ҳамагӣ 90 фоиз (164503 гектар) иҷро гардидааст. Боис ба ёдоварист, ки бо сабаби номусоидии обу ҳавои имсола нафақат иҷрои дурнамо амалӣ нагашт, балки майдони 7355 гектар замини чигити киштшуда аз борону жола зарар дид ва дар ин масоҳат аз нав кишти такрории чигит гузаронида шуд. Айни замон сабзиши пахта дар майдони 163 ҳазору 855 гектар хуб аст. Тибқи чорабиниҳои агротехники гузаронидашуда, то 28 –уми июн дар майдони 417 ҳазору 707 гектар (ду маротиба) коркарди байни қаторҳо, дар масоҳати 175 ҳазору 816 (як маротиба) озуқадиҳӣ ва дар масоҳати 110 ҳазор (70 фоиз) гектар оби сабзиш дода шудааст, ки 73 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






