ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР БАДАХШОН

Июль 29, 2010 17:24

Душанбе, 29 июл.(АМИТ « Ховар», Л. Додо).-Сокинони ВМКБ ба моҳияти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд.Тавре мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Сипанёр Алиёров иттилоъ дод, риояи комили ин қонун барои бошандагони Бадахшон хеле манфиатбахш  мебошад, зеро дар ин диёри камзамин хароҷоти зиёдатӣ дар тӯйҳову маросимҳои дигар зарбаи сахтест ба буҷаи оила. Ҳоло дар ҷамоат 24 комиссияи доимоамалкунанда таъсис дода шудааст, ки дар ҳайати онҳо сарварони мактаб,намояндагони дин, нафарони барӯманд, аъзои Шӯрои занон шомиланд. Ҳафтаи гузашта тӯйи суннатии 4 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Агар 3-4 сол қабл дар ҳудуди ҷамоат соле беш аз 10 қонуншиканӣ ба қайд гирифта мешуд, дар 6 моҳи соли ҷорӣ танҳо 2 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.

Июль 29, 2010 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд