БЕЭҲТИЁТИИ РОНАНДАГОН САБАБИ ФОҶЕА

Август 9, 2010 16:17

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 2 то 8-уми августи соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриамон 25 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 3 нафар ба ҳалокат расида 28 нафари дигар ҷарохатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 8-уми август соати 18.50 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» , ки аз самти Душанбе ба Хоруғ ҳаракат мекард, пиёдагарди ноболиғ Малитбеков Акмали 10 соларо зер мекунад. Дар натиҷа пиёдагард дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Худи ҳамон рӯз ҳамчунин дар ноҳияи Конибодом соати 22.10 ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107» Сафаров Салоҳиддин ҳангоми ҳаракат дар қитъаи 36 роҳи автомобилгарди Хӯҷанд-Конибодом пиёдагарди ноболиғ-Одинаев Шаҳроми 7 соларо зада аз пой меафтонад, ки дар натиҷа ин наврас дар беморхона ба ҳалокат мерасад.  

Август 9, 2010 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад