МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ТЕОДОР АЛЕРС ВА МОТУ КОНИШИ

Август 3, 2010 07:53

  2 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директор Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиётҳо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс  ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ  Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои ба номгўйи тадбирҳои Стратегияи шарикӣ бо Тоҷикистон ҳамроҳ намудани афзалиятҳои кишвари мо ва ҳамчунин барои кўмаку дастгирии намоён баҳри коҳиш додани таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ арзи сипос намуд. Теодор Алерс  ва Моту Кониши ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои муҳокимаи масоили вобаста ба сохтмони нерўгоҳи Роғун, ки чанде пеш дар ҳузури роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифта буд, иттилоъ дода, аз ҳавасмандии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланди байналмилалӣ гузарондани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологию иҷтимоии ин лоиҳа изҳори қаноатмандӣ карданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкидан изҳор дошт, ки ташхиси лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун бояд дар сатҳе гузаронда шавад, ки ҳеҷ шакку шубҳа ба бехатарии он ба муҳити зист ва низоми обтаъминкунии минтақа боқӣ намонад. Намояндагони воломақоми Бонки ҷаҳонӣ таъкид доштанд, ки «барои амалӣ намудани ин ҳадаф беҳтарин мутахассисони касбӣ, ки дар тамоми ҷаҳон маъруфанд, ҷалб карда мешаванд». Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба, ки собиқаи қариб бистсола дорад, таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.   

Август 3, 2010 07:53

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд