УБАЙДУЛЛОЕВ АРЗИ 48 ШАҲРВАНДРО ШУНИД
Душанбе, 24 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 48 нафар сокинони пойтахтро, ки дар тӯли моҳ муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накарда буд, ба ҳузур пазируфт. Ин амал тибқи тартиби ҷорӣ ва эълони қаблӣ ҷараён гирифт. Барои ҳалли муроҷиати шаҳрвандон, зимни қабул аз тарафи Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини сохторҳои пойтахт дастурҳо ва мӯҳлати мушаххас дода шуд. Зеро масъалаи қабули шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоташон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шаҳрдории Душанбе ба ҳисоб меравад. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, муроҷиаткунандагон аз сатҳи қабул ва натиҷаи тадбирҳои андешидашуда қаноатманд гардиданд. Бояд зикр кард, ки бо ибтикори шаҳрдорӣ бори нахуст баҳри ҳалли мушкилоти шаҳрвандон ва масъалаҳои марбут ба шаҳрдорӣ 13 октябри соли 2005 почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе таҳти унвони «dushanbe80@yahoo.com» дар шабакаи Интернет фаъол гардида буд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






