ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД!

Сентябрь 13, 2010 15:27

Дар ҳама давру замон фарзандони асилу ҷонфидои миллат бо ҷасорату матонат ва шуҷоату қаҳрамонии хеш номашонро дар саҳифаҳои таърих абадан сабт кардаанд. Мо имрӯз бо ифтихори бузург аз корнамоии парчамбардорони миллат Деваштичу Муқаннаъ, Спитамену Темурмалик ва дигарон, ки тӯли садсолаҳо ҳамчун тимсоли муборизаи беамон ба муқобили аҷнабиёну бадхоҳон ва душманону хоинони Модар — Ватан дониста мешаванд, ёд мекунем. Қаҳрамонии онҳо барои наслҳои имрӯзаю оянда, бахусус ҷавонон, ҳамчун дарси кору зиндагӣ, ибрату омӯзиш ва ватандӯстию ватанпарварӣ арзёбӣ мешавад. Қурбонов Сафаралӣ Қурбоналиевич 30 октябри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи № 2-и ҳамин ноҳия ба хизмати ҳарбӣ даъват гардид. Сафаралӣ аз хурдӣ ба хондани асарҳои ҳамосавӣ шавқу рағбати беандоза дошт, бинобар ин пайваста аз корнамоии қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ Рустаму Сӯҳроб Сиёвушу Гурдофарид ва дигарон ба ҳамсолонаш нақлҳо карда, барои онҳо порчаҳои шеърӣ қироат мекард. Аз такрор гуфтани мисраъҳои зерин худаш беихтиёр ба ваҷд меомад, лаззат мебурд.   Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.   Баъди адои хизмати аскарӣ Сафаралӣ Қурбонов соли 2007 ба сафи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қабул гардид. Дар курсҳои кӯтоҳмуддати омода кардани прапоршикҳо таҳсил намуд. Сипас ӯ барои адои хизмат ба яке аз минтақаҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуд. Тӯли ин муддат Сафаралӣ худро ҳамчун сарбози ҷасуру диловар ва масъулиятшинос нишон дод. Дар вақтҳои фориғ аз хизмат пайваста китоб мехонд, машқу тамрин мекард, малакаи ҷангии худро такмил медод. Ин буд, ки аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Қурбонов Сафаралӣ барои хизмати намунавӣ ва софдилонааш ба ифтихори 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Аълочии сарҳад» — дараҷаи II қадр карда шуд. Шодию хурсандии Сафаралиро ҳадду канор набуд. Мукофоти гирифтаашро ба ҳамхизматонаш нишон дода, мегуфт- «Ана дидед, Ватан хизмати фарзандонашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад». Вай он лаҳзаҳо аз куҷо медонист, ки ҳамагӣ баъди якчанд рӯз ин суханон бори дигар дар ҳаққи худаш собит мешаванд ва номи ӯ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қӯшунҳои сарҳадӣ абадан сабт мегардад…  Субҳи 7-уми сентябри соли 2010 прапоршик Қурбонов Сафаралӣ Қурбоналиевич барои қабули навбатдорӣ дар хатти сарҳади давлатӣ дар минтақаи Панҷ омодагӣ медид. Вай чун ҳамешагӣ сару либоси низомӣ ва силоҳи ҷангии худро ба тартиб дароварда, аз сардори бевоситааш вазифаи мушаххаси хизматӣ гирифт. Бо шунидани амри «Барои муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода бошед!», ифтихор аз он кард, ки Модар-Ватан ҳимояи марзҳои азизу муқаддасашро ба ӯ ва ҳамсафонаш бовар кардааст ва онҳо дар навбати худ, ҳатман сазовори ин боварӣ хоҳанд шуд. Дар аввал навбатдории онрӯза барои Сафаралӣ аз рӯзҳои дигар фарқияте надошт. Вай бо дурбин хатти сарҳад ва дарёи Панҷро синчакорона муоина карда, боварӣ ҳосил намуд, ки вазъият ором аст. Ин ҳолат то қарибиҳои бегоҳ давом кард. Сафаралӣ ба сӯи дарёи Панҷ ва ҷазирачаҳои хурд-хурди атрофи он нигарист. Ногаҳон чашмаш ба суроби се-чор нафар афтод, ки ҷамъ шуда, чизеро маслиҳат доштанд. Сафаралӣ дурбинро ба сӯяшон рост карда, дар гирду атроф боз гурӯҳи калони одамонро дид ва боварӣ ҳосил намуд, ки онҳо шахсони тасодуфӣ нестанд, чунки ҳамаи онҳо сар то по мусаллаҳ буданд. Барои Сафаралӣ дигар ҷойи шубҳа намонд. Гурӯҳи мусаллаҳи номаълум барои убур кардан аз хатти сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ медид. Қурбонов Сафаралӣ дарҳол бонги хатар бардошта, аз ҳодисаи мазкур «Марказ»-ро огоҳ намуд ва худаш ҳамроҳи ҳамхизматонаш барои «пешвози» меҳмонони нохонда омода гардид. Вай ба хубӣ дарк мекард, ки то омада расидани  қувваҳои асосӣ онҳо бояд истодагарӣ кунанд ва қадами номубораки душманро ба хоки муқаддаси Тоҷикистон роҳ надиҳанд. Ба хотираш боз ҳамон қаҳрамонони «Шоҳнома» омаданд ва мисраъҳои зеринро беихтиёр зери лаб такрор кард.   Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,     Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!   Бо баробари наздик шудани дастаи мусаллаҳи сарҳадшикан прапоршик Қурбонов Сафаралӣ ва ҳамсафонаш ба сӯи онҳо оташ кушоданд. Тирпарронӣ аз ду тараф лаҳза ба лаҳза авҷ гирифта, ҳамлагарон ба оташи сарҳадбонон тоб наоварда, каме қафо гаштанд, вале баъди чанд вақт аз сари нав ба пеш ҳаракат карданд. Теъдоди ин дастаи сар то по мусаллаҳи ҷангозмуда қариб 40 нафарро ташкил дода, ба он нашъаҷаллобон, ҷангиёни созмонҳои террористӣ-экстремистии Толибон ва ҷунбиши Исломии Ӯзбекистон шомил буданд. Фаъолияти душманона ва ғаразноки гурӯҳи мазкур аз ҷониби хоҷагон ва зархаридони хориҷӣ маблағгузорӣ ва идора карда мешуд. Ногоҳ тири нохалафе бадани Сафаралиро такон дод. Вай аз шиддати дард ба худ печид, вале силоҳашро аз даст напартофт. Охирин қувваашро ҷамъ карда, ба сӯи душман боз якчанд тири дигар зад, вале худаш беҳолу бемадор, пуштнокӣ ба замин афтод… Дар натиҷаи задухӯрд қисми зиёди сарҳадшиканон несту нобуд карда шуда, боқимондагон рӯ ба гурез ниҳоданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса яроқу аслиҳаи партофташуда, либосҳои низомӣ, маводи нашъадор, номгӯи зиёди адабиёти дорои мазмуну мундариҷаи террористӣ-экстремистӣ дарёфт гардид. Маълум гардид, ки ин меҳмонони нохонда дар баробари кочоқи маводи нашъадор боз якчанд ҳадафи дигари хатарнок низ доштаанд. Аз ҷумла, онҳо нақшаи ноором сохтани вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон, паҳн сохтани варақаю китобҳои мамнӯъи диниро бо мақсади ба мафкураи сокинони кишвар бор кардани ғояҳои бегонаи террористӣ-экстремистӣ тарҳрезӣ намуда буданд, аммо ба ҳадафҳои нопоки хеш нарасиданд. Маҳз дарки масъулият ва риояи ҳатмии ойинномаҳои хизматӣ аз ҷониби марзбони тоҷик Қурбонов Сафаралӣ Қурбоналиевич, ки ифодаи олии он садоқат ба Модар-Ватан ва қасами ҳарбӣ аст, садди роҳ шуд, то ки душмани ғаддор ба фазои орому осуда, софу беғубор ва сулҳу ваҳдати кишвар рахна назанад. Иродаи матин ва далерию мардонагии ин фарзанди содиқи Ватан ба гурӯҳи ҷиноятии саропо мусаллаҳи сарҳадшикан имконият надод, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёбад. Ҷавонмарди ғаюр, баору номус ва ватандӯсту ватанпарасти тоҷик Қурбонов Сафаралӣ дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона ҷони ширини худро аз даст дод, вале нагузошт, ки душман вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии кишварро ноором созад. Матонату ҷасорат ва шуҷоату корнамоии хизматчии ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ прапоршик Қурбонов Сафаралӣ Қурбоналиевич абадӣ буда, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирҳо фаромӯш нахоҳад шуд.  Саъдӣ барҳақ фармудааст:   Зиндаву ҷовид монд, ҳар к-ӯ накӯном зист, К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.     Нуршод Нозирзода

Сентябрь 13, 2010 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад