624 ХОНАНДА ДАР МАКТАБИ ДУОШЁНА
Ҳамадонӣ, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бахшида ба ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти ҶТ ва 900 рӯзи ободонию созандагӣ дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Саийид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи соҳибкор Мирмулло Файзалиев як нуқтаи савдои фурӯши маводи нафтӣ ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ, инчунин, аз тарафи соҳибкор Сайидаҳмад Холов як мағозаи дуошёнаи замонавӣ ба маблағи 70 000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Абдуҷаббор Катаев, муовини раиси ноҳия оид ба корҳои сохтмонӣ ва саноати ноҳия афзуд, ки дар ноҳия дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 7 миллиону 740 ҳазор сомонӣ корҳои барқароркунӣ ба итмом расонида шудаанд. Бо маблағгузории ҳукумати ноҳия ва Бонки исломии Рушд дар шаҳраки Москва мактаби дуошёна барои 624 хонанда ба маблағи 7 млн. 500 ҳазор сомонӣ, инчунин, болопӯши мактаби деҳаи Ҳаёти нав дар ҷамоати деҳоти Чӯбек бо маблағгузории ҳукумати ноҳия ва Фонди умумиҷаҳонии Рушд бо маблағи 130 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






