АВЗОИ САРҲАДИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Мақолаи Асадулло Восиев бо номи «Ҷанг дар Қарамазор. Сарҳадбонони қирғиз се нафар ҳампешаи худро паррониданд», ки 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар сомонаи «Сентразия. ру» нашр гардид, ба ҳақиқат наздик нест. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд. Сарчашма, ҳамчунин, овозаҳоро дар мавриди ноором будани вазъияти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рад намуда, гуфт, ки айни замон вазъият дар ин минтақаи сарҳадӣ ором аст. Дар рафти хизмати сарҳадӣ далелҳои убури ғайриқонунии сарҳад, сарҳадшиканӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ба қайд гирифта нашудаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






