АЁДАТИ Э. РАҲМОН АЗ ШИФОХОНАИ НИЗОМӢ

Сентябрь 27, 2010 13:35

27 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои аёдати афсарону сарбозони маҷрўҳ, ки рўзи 19 – уми сентябр дар ноҳияи Рашт ҷароҳат бардошта буданд,  ба шифохонаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф овард. Дар шифохонаи ҳарбӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳоли афсарону сарбозони захмӣ хабар гирифта, бо онҳо аз наздик сўҳбат намуд. Ба роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар шахсони масъул дастур дода шуд, ки баҳри табобати босифати захмиён ва ғамхории ҳамаҷониба ба онҳо тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Роҳбарони сохторҳои низомӣ ҳамчунин вазифадор шуданд, ки аҳли оилаи нафарони дар он ҳодисаи мудҳиш ҳалокшударо аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намоянд. Хотиррасон бояд намуд, ки рўзи 19 сентябри соли равон дар натиҷаи ҳамлаи ваҳшиёнаи террористони зархарид ба қатори мошинҳои низомӣ 25 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҳалок шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуда буданд.

Сентябрь 27, 2010 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад