БАРҚИ ХУДӢ БА ЗАРАФШОН ҲАМ МЕРАСАД

Сентябрь 30, 2010 09:15

Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо вуҷуди яке аз давлатҳои сароб будани Тоҷикистон мушкилоти таъмини аҳолӣ ба барқ вуҷуд дорад,- иброз доштанд дар ширкати саҳҳомии холдингии «Барқи тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар».    Бино ба маълумоти Агентии омори  назди Президенти ҶТ,  агар содироти барқ дар 8 моҳи соли ҷорӣ 130,6 млн. кВт  соатро ташкил дода бошад, воридоти он дар ин давра   276,6 млн. кВт соатро ташкил медиҳад. Воридоти нерӯи барқ аз рӯи арзиш аз содироти он 4 баробар зиёд аст.     Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи захираҳои энергетикӣ имкони пурра таъмин кардани водии Зарафшонро бо барқи истеҳсолкардаи нерӯгоҳҳои худӣ дорад, аммо то имрӯз бо мушкилоти таъмин набудани хатти барқи 220 кВтаи Хуҷанд — Айнӣ водии Зарафшон бо барқи воридотӣ аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя таъмин карда мешавад.    Дар сурати ба истифода додани хатти нави барқи 220 кВтаи Хуҷанд — Айнӣ, ки лоиҳаи он баъди 1,5 сол  амалӣ мегардад, мушкилоти таъмини барқ дар водии Зарафшон пурра ҳал хоҳад шуд.           

Сентябрь 30, 2010 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад