ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲО АЗ НАВОҲИИ ҶУМҲУРӢ

Сентябрь 21, 2010 10:15

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Имрӯз фестивали «Рассомони наврас-2010» дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ифтитоҳ гардид. Фестивал бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Дар галереяи бадеии ба номи Валимад Одинаеви назди Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ кори рассомони ҷавон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ВМКБ, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Ваҳдат, Турсунзода ва дигар навоҳии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар фестивал намоиши мусаввараҳо ҳам аз рӯи жанр ва ҳам аз рӯи мундариҷа нишон дода шудаанд: асарҳои тасвирӣ, рассомӣ, нақшдӯзӣ, гулдӯзӣ, кандакорӣ, ва ғайраҳо.               Гурӯҳи корӣ бо ширкати директори коллеҷ Бахтиёр Одинаев, Рассоми мардумии Тоҷикистон Сайф Шералиев, устодони фанҳои махсус Манзура Ӯлҷабоева, Наққош Шарипов дар давоми якчанд моҳ беҳтарин кори мактаббачагони мактабҳои рассомӣ, студия ва коллеҷҳои хусусиро интихоб намуданд.             Мақсади асосии гузаронидани фестивали ҳарсолаи «Рассомони наврас», ин дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи эҳсоси ишқу зебоипарастӣ ва тараннуми диёри азизи худ мебошад.          

Сентябрь 21, 2010 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид