ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲО АЗ НАВОҲИИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Имрӯз фестивали «Рассомони наврас-2010» дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ифтитоҳ гардид. Фестивал бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Дар галереяи бадеии ба номи Валимад Одинаеви назди Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ кори рассомони ҷавон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ВМКБ, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Ваҳдат, Турсунзода ва дигар навоҳии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар фестивал намоиши мусаввараҳо ҳам аз рӯи жанр ва ҳам аз рӯи мундариҷа нишон дода шудаанд: асарҳои тасвирӣ, рассомӣ, нақшдӯзӣ, гулдӯзӣ, кандакорӣ, ва ғайраҳо. Гурӯҳи корӣ бо ширкати директори коллеҷ Бахтиёр Одинаев, Рассоми мардумии Тоҷикистон Сайф Шералиев, устодони фанҳои махсус Манзура Ӯлҷабоева, Наққош Шарипов дар давоми якчанд моҳ беҳтарин кори мактаббачагони мактабҳои рассомӣ, студия ва коллеҷҳои хусусиро интихоб намуданд. Мақсади асосии гузаронидани фестивали ҳарсолаи «Рассомони наврас», ин дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи эҳсоси ишқу зебоипарастӣ ва тараннуми диёри азизи худ мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






