ЭМГУЗАРОНӢ БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ФАЛАҶ ДАВОМ ДОРАД…
Душанбе, 30 сенбяр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сарвари Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-клиникии тибби оилавӣ Ҷабборова Тахмина Солиҷоновна изҳор намуд, ки ин марказ моҳи апрели соли 1999 таъсис ёфтааст ва аз ду бахш иборат аст: клиникӣ (10 пизишк, 12 хоҳари шафқат) ва таълимӣ (15 пизишк, 8 хоҳари шафқат). Дар қисми клиникии марказ пизишкҳои хело ҳам ботаҷриба аз он ҷумла номзадҳои илм бо ихтисосҳои касалиҳои дил, ҷарроҳӣ, чашм, гулӯю гӯшу бинӣ фаъолият менамоянд. Дар маркази тибби оилавӣ, ҳар як пизишк якчанд касбро иҷро менамояд: касалиҳои кӯдакона, дарунӣ, гӯлую гӯшу бинӣ, занона. Ӯ ёрии тиббиро новобаста аз ҷинс, синну сол, ташхиси касалӣ мерасонад ва як пизишк ба 1200 нафар шахс, аз он ҷумла ба хурду калон хизмати тиббӣ мерасонад. Дар бораи бемории фалаҷ Ҷабборова Т.С. изҳор намуд, ки ин мариз ба ҷумҳурии мо аз Афғонистон ва Ҳиндустон гузаштааст ва бояд қайд кард, ки ин вирус то ҳоло дар Тоҷикистон маълум набуд. Марказ 97-99% аҳолиро эмгузаронидааст. Натиҷаи кор дар Маркази тибби оилавӣ нишон медиҳад, ки ин намуди тиб хело ҳам басамар, таъсирбахш аст ва дар оянда мумкин аст, ки ин шакли хизматрасонии тиббӣ нисбат ба тибби анъанавӣ бештар истифода шавад. Аз ин лиҳоз, бо ризоияти Ҳукумат, Вазорати тандурустӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи вусъатдиҳии тибби оилавӣ»-ро ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






