ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Сентябрь 27, 2010 11:35

         Фархор, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Кишти тирамоҳии ғалла дар хоҷагиҳои мавзеъи Ӯртабузи ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳия, ки  заминҳои ин мавзеъ тавассути пойгаҳҳои обкашӣ обёрӣ  мешаванд, оғоз гардид. Тавре масъулини соҳа иброз доштанд, барои таъмини барномаи амнияти озуқаворӣ мувофиқи дастуру супориши сарвари давлат аҳли заҳмати хоҷагиҳои ноҳия имсол маъракаи кишти тирамоҳии ғалларо нисбат ба соли гузашта як моҳ кабл оғоз намуда, ният доранд, ки то санаи якуми октябр бо риояи тадбирҳои агротехникӣ кишти тирамоҳии ғалларо дар чунин қитъаҳо хушсифат ба анҷом расонанд.         Кишти тирамоҳии ғалла дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Мадвалии ҷамоати деҳоти Гулшан бо иштироки кормандони раёсати идораҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сурат гирифт ва мутахассисони соҳа дар ин чорабинӣ оид ба саривақт гузаронидани кишти зироатҳои барвақтии пиёз, картошка, сабзӣ, ғалладонагиҳо ва истифодаи тухмиҳои хушсифат ба масъулин маълумоти муфассал доданд. Аз ҷумла, кормандони шӯъбаи муҳофизати растаниҳо ва заҳролудкунӣ таъкид доштанд, ки ҳар як навъи тухмӣ барои пешгирӣ аз таъсири ҳашароти зараррасон бо маҳлулҳо шуста сипас кишт  шаванд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор қайд намуданд, ки ин мавсим дар ноҳия майдони кишти пиёзи барвақтӣ ба 200 гектар расонида хоҳад шуд ва дар рӯзҳои наздик дар мавзеи Олимтойи ноҳия низ кишти тирамоҳии ғалла оғоз мегардад, ки корҳои омодагӣ дар ин самт ҷараён дорад. Дар ноҳияи Фархор имсол аз ҳисоби пурсамар истифода бурдани ҳар як қитъа замини корам номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки он ба даромади иқтисодии аҳли заҳмат заминаи мусоид мегузорад.    

Сентябрь 27, 2010 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад