МУЛОҚОТИ ГУЛ ШЕРАЛӢ БО СТРУАН СТИВЕНСОН

Сентябрь 17, 2010 15:18

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо вакили парлумони Иттиҳоди Аврупо Струан Стивенсон мулоқот намуд.             Дар ибтидо Вазири энергетика ва саноат оид ба имкониятҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ва тавлиду истифодаи барқи аз ҷиҳати экологи тоза, лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва бунёди НБО-ҳои хурд дар ҷумҳурӣ, хатҳои интиқоли барқӣ бо мақсади ба ҳамдигар пайваст намудани шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ ибрози назар намуд. Қайд карданд, ки иштироки ширкату муассисаҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар барномаҳои зикргардида имконпазир ва мувофиқи мақсад мебошад.      С.Стивенсон дар навбати худ оид ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи муҳити зист, вазъи экологии баҳри Арал ибрози назар намуда, ҳамоҳангсозӣ ва тавсия бахшидани ҳамкориҳоро вобаста ба масъалаҳои мазкур қайд намуд. Дар мулоқот раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Ёров А. иштирок намуд.             Дар назар дошта мешавад, ки ҷаноби С.Стивенсон аз НБО «Норак» боздид ба амал меорад.

Сентябрь 17, 2010 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид