МУЛОҚОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ДАР СУҒД
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар ин рӯзҳо дар вилоёт ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагонашон идома дорад. Дар доираи чунин мулоқот имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон – Насрулло Маҳмудов, Назира Турдиматова, Шодӣ Шабдолов, Исмоил Талбаков, Маҳмадшариф Нозимов, Саттор Холов дар ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод ва Истаравшан бо интихобкунандагони худ мулоқот намуданд. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни ин мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон нуктаҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҶТ, мавқеи парлумон ва дигар аҳзоби сиёсиро дар таъмини се ҷиҳати асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро муфассал шарҳ доданд. Зимни саволу ҷавоб интихобкунандагон дар мавриди масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ, аз ҷумла омодагиҳо ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъминот бо оби нӯшокӣ, таъмини ҷавонон бо ҷойи кор ва дигар масъалаҳои рӯзмарра табодули назар намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






