ОВОЗХОНИ МАШҲУР АЗ ДУБАЙ ОЗИМИ ДУШАНБЕ МЕГАРДАД

Сентябрь 23, 2010 10:40

Душанбе, 23  сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Сидова).-Ҳунарманди машҳур Самеъ Юсуф бо сафари нахустини ҳунарӣ ба  Тоҷикистон меояд. Вай рӯзҳои 7-8-уми октябр дар толори «Кохи Борбад» -и Душанбе ду консерт дода, мухлисони худро шод мегардонад.        Сафари ҳунарии Самеъ Юсуф ба Тоҷикистон  бо ибтикори ширкати «Интер-тарона-медиа» сурат мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» продюсери консерт Марҳабо Азизова иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки Самеъ Юсуф бо сафари ҳунарӣ аз Дубай озими Душанбе мегардад. Ӯро дар сафари ҳунарӣ  ба Душанбе беш аз 10 нафар ромишгарону мусиқичиён, ки аз Амрикову Олмон, Мисру Аморати Муттаҳидаи Араб мебошанд, ҳамроҳӣ менамоянд.      Арзиши чиптаҳои консерти Самеъ Юсуф дар Душанбе 150, 200 ва 250 сомонӣ буда, қисме аз маблағҳои аз консерт ба даст омада ба корҳои хайриявӣ сарф карда мешавад.          Бояд зикр кард, ки Самеъ Юсуф ҳамчун сарояндаи сурудҳои форам дар кишварҳои мусулмонӣ маъруф аст. Самеъ Юсуф  аз озаритаборҳои  Эрон буда, соли 1979 дар Теҳрон таваллуд шудааст. Ӯ дар синни се солагӣ ҳамроҳи волидайнаш ба Британияи Кабир ҳиҷрат мекунад ва то ҳол дар шаҳри Лондон  кору зиндагӣ менамояд. Албоми нахустини  сарояндаи маҳбуб ҳанӯз 7 сол муқаддам дар соли 2003 бо номи «Муаллим» /Al-Muallim/ пешкаши  ҳаводоронаш гардид, ки маҳбубияти сарояндаро афзун гардонид. Мавсуф ба як қатор кишварҳои мусулмонӣ сафари ҳунарӣ намуда, бо сурудҳои фораму дилнишини худ ба мусулмонон пайғом расонидааст. Сурудҳои овозхони шинохта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус,  дар байни ҷавонони он  маҳбубияти хоса касб кардааст.

Сентябрь 23, 2010 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад