ШАРҲИ ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 6, 2010 15:58

ШАРҲИ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2010 № 923 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия»            Фармони   мазкур ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 баён намудаанд ва дар доираи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ нигаронида  шудааст.   Мутобиқи банди 1 фармон марҳилаи нави зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақаҳо ва стипендия аз 1 октябри соли 2010 амалӣ карда мешавад, аз ҷумла: -маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, кормандони дигар муассисаҳою ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ  маблағгузорӣ мешаванд ва маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифии) амалкунандаи хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, истеҳсолоти иҷро, идораи давлатии нотариалӣ ва маош барои рутбаи ҳарбӣ ва махсус ба андозаи 10 фоиз зиёд карда мешавад, ба ғайр аз хизматчиёни давлатии мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ, ки барояшон ҷадвали ягонаи тарифӣ мавриди амал қарор мегирад; — музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 33,3 фоиз зиёд мегардад; -нафақаҳои меҳнатӣ бошад ба андозаи 15 фоизи нафақаи ҳадди ақали муқарраргардида зиёд мешавад.   Андозаи ҳадди ниҳоии нафақапулӣ ба маблағи 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳадди ниҳоии нафақапулии амалкунанда 100 сомонӣ зиёд аст; — андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маблағи 150 сомонӣ, барои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба маблағи 200 сомонӣ, барои донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 250 сомонӣ ва аспирантҳо 300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст; — андозаи дигар стипендияҳои амалкунандаи аспирантҳо ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои Донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 10 фоиз зиёд карда шудааст. Банди 2 фармони мазкур ба баланд бардоштани музди меҳнати  хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурӣ, ки ба тариқи таҷрибавӣ амалӣ мегардад, дахл дорад. Мутобиқи он аз 1 октябри соли 2010 андозаи маоши заминавии онҳо дар ҳаҷми 350 сомонӣ муқаррар карда мешавад. ҳамзамон ба хизматчиёни давлатии мақомоти таҷрибавии идораи давлатӣ, пардохти муқаррароти иловапулиҳо барои рутбаи тахассусӣ, собиқаи хизмати давлатӣ ва дигар иловапулиҳои музди меҳнат, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, боз дошта мешаванд, зеро онҳо ба маоши заминавӣ ҳамроҳ карда шудаанд.  Умуман, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони мазкур дар маҷмўъ 61,9 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ равона  карда мешавад. Бояд таъкид намуд, ки тайи соли равон ин иқдоми дуюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд намудани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа мебошад, ки  дар мачмўъ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона мегардад.

Сентябрь 6, 2010 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад