СИСТЕМАИ НАВИ ИТТИЛООТӢ
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Аз моҳи октябри соли 2010 татбиқи санҷиши системаи иттилоотии ягонаи автоматикунонидашуда дар панҷ нуқтаи гумрукии Терминал, Душанбе-1, Душанбе-2, Муросилоти байналмиллалӣ ва фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҷорӣ шуда, аз 1 январи соли 2011 бошад, ин барнома дар тамоми нуқтаҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Шарипов хабар дод. Н. Шарипов қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур аз тарафи Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктураи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дар доираи Созишномаи ба имзо расидаи Ҳукумати ҶТ ва Бонки Осиёгии Рушд амалӣ гардонида мешавад. Манбаъ, ҳамчунин, қайд намуд, ки таъсиси системаи ягонаи автоматикунонии иттилоотӣ дар сохтори мақомоти гумрук минбаъд ба беҳдошти вазифаҳои асосии гумрукӣ, ба монанди ин барнома барои беҳтар намудани назорати гумрукӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиётӣ аз сарҳади гумрукӣ мусоидат менамояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






