СОЗИШНОМАИ ШӮРОИ РАИСОНИ СУДҲОИ АРБИТРАЖӢ
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 16-17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои Раисони судҳои арбитражӣ, хоҷагӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳое, ки парвандаҳоро оид ба баҳсҳо дар соҳаи иқтисодӣ ҳал менамоянд, баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Шӯрои раисон, Раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ Амирхоҷа Ғоибназаров, мушовири давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи баробарҳуқуқи Президенти ҶТ дар Маҷлиси Олии ҶТ Ҷумъахон Давлатов, муовини раиси Суди Олии арбитражии Федератсияи Россия Сергей Амосов ва намояндагони дигар давлатҳо иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки Шӯрои раисон 7 октябри соли 2002 дар ҷаласаи роҳбарони мамлакатҳои Давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова дар асоси Созишнома ташкил ёфтааст. Созишномаро Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Украина ба имзо расониданд. Шӯрои раисон бо мақсади ташкили таъмини ҳамкориҳо байни судҳои арбитражӣ, хоҷагидорӣ, иқтисодӣ ва дигар судҳое, ки ваколаташон ба ҳалли баҳсҳои вобаста ба амалигардонии фаъолияти хоҷагидорӣ алоқаманд аст, таъсис ёфтааст. Вазифаи асосии Шӯро ин маълумоти саривақтии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ, татбиқи қонунгузории хоҷагидорӣ, ташкили маслиҳатҳои дуҷониба оид ба тайёр намудани услуб ва роҳҳои мувофиқакардашуда оид ба татбиқи шартномаҳои байнидавлатӣ ва ёрии ҳуқуқии тарафайн дар бораи парвандаҳои гражданӣ, иҷрои ҳалномаҳои судии як давлат дар ҳудуди давлати дигар, мукаммалгардонии муносибатҳо ва ташкили фаъолияти судҳо, тайёр намудани шартномаҳо ва созишномаҳои муайяни байналхалқӣ мебошад, иброз намуд А. Ғоибназаров.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






