ТАСВИРИ ЗЕБОӢ АЗ НИГОҲИ НАВРАСОН
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 21-уми сентябри соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомони ба номи Мирзораҳмат Олимов Фестивали ҷумҳуриявии «Рассомони наврас» баргузор карда мешавад. Дар фестивал рассомони наврас аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакиву Варзоб ширкат меварзанд. Бояд гуфт, ки мақсади фестивал бедор намудани ҳисси зебоипарастии наврасон, дастгирии мактаб, студия ва коллеҷҳои тасвирӣ мебошад. Зеро фарҳанги кишвар аз тарбияи насли навини ҷомеа вобастагӣ дорад ва дар ин самт баргузор кардани чунин фестивалҳо саҳми калон дорад. Дар ҳар як асари офаридаи кӯдакон олами аҷиби қудакона, орзӯҳои хаёлӣ, муҳаббат ба диёри Тоҷикистон, табиати он, олами ҳайвоноту наботот инъикос ёфтааст, ки пешкаши бинандагон мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






