ТАВАҶҶӮҲИ ХОСАИ ИТАЛИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуотии Вазорати энергетика ва саноат, дар вохӯрие, ки ҷонишини вазири рушди иқисоди Ҷумҳурии Италия бо намояндагони Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дошт масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва саноат баррасӣ гардид. Намояндагони Ҷумҳурии Италия дар ин вохӯрӣ иброз доштанд, ки кишвари онҳо дар амалӣ сохтани лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, нефту газ, мошинасозӣ, коркарди маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд дорад. Бояд тазаккур дод, ки дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия 12 млн. доллари амрикоиро ташкил дод. Ҷумҳурии Италия яке аз шарикони асосӣ дар содирот ва воридоти молҳои саноатӣ ва хӯрокворӣ бо Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






