ҒАМХОРИИ ШАҲРДОРӢ БА КӮДАКОНУ НАВРАСОН
Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси нақшаи шаҳрдорӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт то охири соли равон майдончаҳои варзишию фароғатӣ бо таҷҳизоти замонавӣ барои кӯдакону наврасон сохта ба истифода дода мешаванд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар ҳузури Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Майдончаҳои варзишию фароғатӣ дар маҳаллаи 46, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои Шарқӣ, 102, кӯчаҳои Деҳотӣ, Айнӣ, Н. Қарабоев, Афзалӣ, Гагарин ва хиёбони Рӯдакӣ бунёд мегарданд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, пудратчиёни сохтмони майдончаҳои варзишию фароғатӣ Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Меҳансоз», «ТиСМ», «Бедакиён», «Озарахш», «Ойзулӣ», «Ҳоҷӣ-Яъқуб», «Нивелир» ва «Иншоотсервис» мебошанд.








Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ






