ҚОНУН БАРОИ ҲАМА ЯК АСТ
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Адибаи Азиз).- Шерхони Одина, Прокурори генералии ҶТ нимаи аввали имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд: Ҳукумат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ баҳри бо роҳи осоишта ҳал намудани қазияи водии Рашт тамоми чораҳои дахлдорро меандешанд. 19 сентябри соли равон як гурӯҳ ҷинояткорон дар ноҳияи Рашт ба автомашинаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карданд, ки дар натиҷа 25 аскари ҷавон кушта шуд. Вобаста ба ин ҳодиса аз тарафи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ қарор қабул шуд, ки дар ноҳияи Рашт амалиёти махсус баҳри безарар гардонидани гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гузаронида шавад. Дар мавриди муроҷиати шаҳрвандон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 213 ариза дида шуд. Баҳри бартараф намудани камбудиву қонунвайронкуниҳои ҷойдошта 1026 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шудааст: 480 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуда, 26 парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Салимзода Шерхони Одина пурсишҳои хабарнигоронро муфассал матраҳ намуда, аз ҷумла дар хусуси қазияи собиқ корманди Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҶТ Ҳуснигул Даминова ҳарф зада гуфт, ки айни замон парвандаи мазкур дар Прокуратураи шаҳри Кӯлоб мавриди тафтиш қарор дорад. Ӯ рафтори Ҳ, Даминоваро қонуншиканӣ унвон карда, волоияти қонунро новобаста аз ҷинсият ва вазифа қарзи ҳар шаҳрванд донист.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






