ҲИСОБИ МИЁНАИ МУЗДИ МЕҲНАТ ЗИЁД ШУД

Октябрь 26, 2010 10:16

Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдат  13 ҳазору 286 нафар коргарон ба кор ҷалб  шуданд, ки барои корҳои иҷрошуда ба онҳо 2 млн. 387,8 ҳазор сомонӣ музди меҳнат дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 560,8 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар соҳаи саноат 340 сомонӣ, сохтмон – 312, нақлиёт – 192, кишоварзӣ — 81, тандурустӣ — 178, маориф – 239, хизматрасонӣ  — 279,  кормандони бонкӣ — 573 ва геологҳо 339 сомониро ташкил додааст,- иброз дошт муовини раиси шаҳри Ваҳдат Қиёмиддин Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар».  

Октябрь 26, 2010 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш