АФЗОИШИ БОҒУ ТОК ДАР ҲИСОР

Октябрь 19, 2010 16:18

         Ҳисор, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Тамоми муассисаву ташкилоти ноҳия   ба зимистонгузаронӣпурра омодаанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 100 нуқтаи фурўши ангиштсанг ва 8 нуқтаи фурўши   сӯзишворӣ таъсис ёфтааст,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Солеҳов.             Дар нишасти матбуотӣ   хабарнигорон ва масъулини мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд.              Имсол дар хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор дар масоҳати 236 гектар боѓу токзори нав бунёд ёфт, ки аз ин 75 гектар токзор ва 161 гектараш боѓ мебошад.Истеҳсоли шир бошад ба 4 ҳазору 469 тонна расид, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 251 тонна зиёд мебошад.   Ширҷўшӣ аз як сар модагов ба   2 ҳазору 718 килограммӣ расид, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 200 килограммӣ  зиёд  мебошад.

Октябрь 19, 2010 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш