АГАР БА КАСБ ЭҲТИЁҶ ДОРЕД
Душанбе, 11октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маркази касбомӯзию соҳибкории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давоми фаъолияташ ба 1301 нафар шаҳрвандон касбҳои замонавӣ, аз қабили оператори компютерӣ, занбӯриасалпарвар, боғпарвар, кафшергар, дӯзанда, барқчӣ, ошпаз, пешхизмат ва боз даҳҳо касбҳои ба талаботи бозор мувофиқро омӯзонида, тавассути роҳхати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истеҳсолот фиристода шуданд,- иброз доштанд дар вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар». Марказ, ҳамчунин , ба таври худмаблағгузор барои онҳое, ки мехоҳанд соҳиби касбу ҳунар гарданд, касбҳои дилхоҳашонро меомӯзонад. Дар Марказ аллакай 272 нафар ба тарзи худмаблағгузор соҳибкасб гардиданд. Дар соли 2010 Марказ базаи таълимии худро беҳтар намуда, 15 адад компютерҳои тамғаи «Пентум — 4», 1 адад ноутбук, 14 адад UPS, 10 адад мошини дӯзандагӣ, 1 мошини гулдӯзӣ ва боз даҳҳо номгӯй асбобу анҷоми таълимӣ харид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






