АНДЕШАИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳодисаҳои табиий дар соли 2010 рухдода, исбот намуданд, ки сабабгори қариб ҳамаи фоҷеаҳо худи одамонанд. Ба гуфти коршиносон, сабабгори асосии фалокат дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва атрофи он лоиҳасозоне мебошанд, ки бе дарназар дошти дигар офатҳои табиӣ барои сохтмони шаҳракҳо дар марказҳои шаҳру ноҳия, атрофи он ва шаҳракҳои нави аҳолинишин дар ҷамоатҳои деҳот иҷозати нақшаи сохтмони манзилҳои истиқоматиро медиҳанд. — Имрӯз қариб ҳамаи шаҳракҳои аҳолинишини деҳот дар селроҳаҳо сохта шудаанд ва сохтмони ин гунна шаҳракҳо давом доранд,- мегӯяд муҳандиси сохтмон Искандар Икромов. Боис ба ёдоварист, ки солҳои 60 –уми асри ХХ дар натиҷаи боронҳои сел оби ду дара – Бакарон ва Юмси ноҳияи Ваҳдат дар маҷрои худ сели калонеро ташкил дода, 50 – 60 хоҷагӣ зери сел монд. Чунин хавф дар роҳи дарёчаҳои Чорбоғ, Мағов ва дарёчаи Ромити шаҳраки Ромити ноҳияи Ваҳдат имрӯз ҳам боқист. Дар ин мавзеъҳои пурхавф беш аз 5ҳазор аҳолӣ ва даҳҳо иншооти ёрирасони хоҷагӣ сохта шудаанд. Дар сурати рух додани ҳодисаҳои табиӣ ва дидани зарари ҷонӣ касе ҷавобгариро ба зимма нахоҳад дошт, ҳарчанд ки аз пайи он ҷавобгарӣ ҳаст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






