АНДОЗСУПОРАНДАГОНИ ПАНҶ АЗ БУҶА ҚАРЗДОРАНД

Октябрь 20, 2010 16:42

   Қурғонтеппа, 20  октябр  (АМИТ "Ховар", Мурод Сотиев)  — Нақшаи ҷамъоварии андоз дар вилояти Хатлон иҷро шуд ва дар 24 шаҳру ноҳияҳои он нақшаи пешбинишуда  105,5 %  ташкил медиҳад.    Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори идораи андози вилояти Хатлон Сайдислом Амиров хабар дод, нақшаи пешбинишудаи андоз танҳо дар ноҳияи Панҷ иҷро нашуд. Панҷиҳо ба буҷаи вилоят 720 ҳазор сомонӣ кам маблағ супориданд.     Тибқи гуфтаи Сайдислом Амиров аз ҷониби нозироти андози ноҳияи Панҷ, ҷамъоварии сусти супоридани қарзи буҷа мушоҳида гардид, ки ин ба талаботи кодекси андози ҶТ мувофиқ нест.  

Октябрь 20, 2010 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш