АСОСИ БОЛОРАВИИ НАРХ ЧИСТ?
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, то 1- уми сентябри соли 2010 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ зиёд шудани саршумори чорво ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар давоми моҳҳои январ – августи соли ҷорӣ саршумори ҳайвоноти калон ба 1 млн. 864 ҳазору 700 сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 — 51,4 ҳазор сар ё 2,8 фоиз зиёд аст. Саршумори моли майда — (бузу гӯсфанд) дар ин давра 4 млн. 446 ҳазору 739 ҳазор сар зиёд гардидааст, ки аз ин 349 ҳазор сар ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, 476 ҳазор сар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 3 млн. 641 ҳазор сар ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Дар баробари ин, соҳаи паррандапарварӣ низ ривоҷ ёфта, саршумори он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагӣ (ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва аҳолӣ) ба 4 млн. 284 ҳазору 134 сар расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 440 ҳазору 592 сар зиёд мебошад ва ҳамаи ин боиси таҳсин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ соҳа хуб рушд намудааст. Тарафи дигари масъала ин аст, ки бо вуҷуди дар соли 2009 кам будани саршумори ҳайвонот нархи 1 кг гӯшти гов дар бозорҳои кишвар 16 сомонӣ, гӯшти бузу гӯсфанд мутаносибан 17 – 18 сомонӣ ва гӯшти парранда 9 сомонӣ ба савдо рафт. Соли ҷорӣ бо зиёд шудани саршумори ҳайвонот нархи 1кг гӯшти гов дар бозор 22 сомонӣ, бузу гӯсфанд 24 -26 сомонӣ ва гӯшти парранда ба 16 сомонӣ баробар шуд. Саволи матраҳ ба роҳбарони соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти гӯштии кишвар ин аст, ки агар афзоиши истеҳсолот боиси баланд рафтани нархи истеҳсолӣ мешуда бошад, пас зарурати афзоиши он чӣ лозим аст?








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид






