АВҶИ КОРИ СОХТМОНЧИЁН

Октябрь 18, 2010 16:24

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дахлдор,ки аз Нақшаи чорабиниҳои таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, таҳияи саривақтӣ ва босифати 16 ҳуҷҷати лоиҳавию харҷномавии иншооти сохташавандаи ҷумҳурӣ дар назар мебошад, зикр кард дар нишасти матбуоти ҷамбасти нӯҳмохаи соли равон, имрӯз   Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ  Абдувалӣ Комилов. Мутахассисон барои дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба охир расонидани таҳияи лоиҳаҳои иншоот, ба монанди навбати дуюми сохтмони Гимназия барои кӯдакони болаёқат ва бинои 20-ошёнаи «Душанбе-Плаза» дар шаҳри Душанбе, Маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Тоҷикобод, нақшаи генералии шаҳраки Баҳори ноҳияи Н.Хисрав, Фурудгоҳи байналхалқӣ дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, маҷмааи ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд, Маркази солимгардонии ҷамоати Қистакӯзи ноҳияи Б.Ғуфуров, сексияи 2 ва 3-юми маҷмааи манзилии «Пойтахт-80» дар шаҳри Душанбе, инчунин, толори конфронси бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва дигар иншоот кӯшиши зиёд менамоянд. Комилов, ҳамчунин, қайд кард, ки аз ҷониби Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «Гипропром» лоиҳаи иншооти «Заводи кабелбарорӣ» бо иқтидори 12 ҳазор тонна маҳсулот дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи илмию тадқикотии «САНИИОСП» лоиҳаи иншооти «Китобхонаи Миллӣ», аз ҷониби ҶДММ «Меъмор-2002» лоиҳаи иншооти «Чойхонаи 20-солагии Истиқлолият» таҳия гашта, сохтмони онҳо босуръат идома дорад.

Октябрь 18, 2010 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ