АВРУПО ДАР ДУШАНБЕ

Октябрь 16, 2010 11:59

            Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти директори Маркази фарҳангии «Бактрия» Алишер Примқулов, аз 18 то 24 –уми октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе «Ҳафтаи Аврупо» гузаронида мешавад.             Баргузории  ҳарсолаи «Ҳафтаи Аврупо» воситаи муҳим дар дарки рушди муносибатҳои нави Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ мебошад. Бо ин мақсад ҳафтаи пешомад дар доираи баргузории ин ҷашнвораи байналмилалӣ зери шиори «Ба аврупо наздик» дар Душанбе ва шаҳри Хуҷанд якчанд чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегардад.             Ба иттилои ҳамин манбаъ, рӯзи 18 –уми октябр дар офиси душанбегии Иттиҳоди Аврупо конфронси матбуотӣ гузаронида мешавад. Сипас намоишномаи театрикунонидашудаи раққосаи касбӣ, нависанда Лоранс Левассор  «Хуни сафед»   дар театри ба номи Маяковский манзури тамошобинон гардонида мешавад. Рӯзи 22 –юми октябр  дар «Кохи Ваҳдат» чорабинии фарҳангӣ — таълимӣ бо иштироки сафирони давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ  пешбинӣ шудааст. Рӯзи     23 –юми октябр бошад дар театри ба номи Маяковский консерти муштараки созию овозии  давлати Фаронса бо иштироки Бержо ва Ива Дормуа дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳи созии «Мизроб» бо ҷӯри мусиқии электронии тоҷикию франсавӣ садо медиҳад.             Имсол  чорабинии «Ҳафтаи Аврупо» дар Тоҷикистон то андозае васеътар мегузарад. Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ,  дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд намоишномаи «Муҳоҷирон» аз рӯи асари драматурги поляк Славомира  Мрожека дар таҳияи ҳунарпешаи  Хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов пешкаши тамошобинон гардонида мешавад.             Ба гуфти А. Примқулов баргузории ин чорабинии фарҳангӣ бозгӯ аз арҷгузорӣ ба санъати волои  созию овозии дирӯзу имрӯзи сарзамини кӯҳанэҷоди Тоҷикистон ва наздик сохтани он ба санъати мусиқии  аврупоӣ  хоҳад буд.

Октябрь 16, 2010 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ