АЗ КОНИ БОДОМ ТО КОНИ ПАХТА

Октябрь 4, 2010 11:44

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Конибодом, ки  таърихан бо макони бодом буданаш маълуму машҳур аст, имрӯз он ба  макони пахта низ  табдил ёфтааст.    Бино ба иттилои сардори Раёсати хоҷагии кишоварзии вилояти Суғд Рустам Раҳимов, ноҳияи Конибодом яке аз аввалин ноҳияҳои вилояти Суғд аст, ки иҷрои нақшаи пахтасупориро ба 55 фоиз расонидааст.    Соли ҷорӣ деҳқонони ноҳияи Конибодом тибқи дурнамои кишоварзӣ 9 ҳазору 500 тонна пахта  ҷамъ оварданианд. Пахтакорони ноҳия ҳар рӯз беш аз 2 фоиз пахта ҷамъоварӣ  мекунанд.    Дар соли 2010 деҳқонон бо сабаби боло рафтани нархи пахта дар биржаи ҷаҳонӣ рӯҳбаланд гардиданд. Онҳо ният доранд дар соли 2011 масоҳати замини пахтаро боз як баробар зиёд намоянд.    Ба гуфти Р. Раҳимов, дар  соли ҷорӣ     барои кишти  пахта 53 ҳазору 977 гектар замин ҷудо карда шудааст. Айни замон ҷамъоварии пахта аз ҳар гектар аз 14 то 30 сентнериро дар бар мегирад.    То 2-юми октябр дар вилоят беш аз 30 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.    Ба иттилои манбаъ, нақшаи солонаи ҷамъоварии пахта 92 ҳазор тонна мебошад, ки иҷрошаванда аст.

Октябрь 4, 2010 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд