АЗ МИЛЛАТУ АЗ ЗАБОНИ ХУД ЁД КУНЕМ!

Октябрь 6, 2010 09:24

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бо иштироки фаъоли олимону адибон гузаронида шуд. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ҳамагонро ба ин санаи фархунда шодбош гуфта, қайд кард, ки Қонун дар бораи забони давлатӣ ҳанӯз дар замони ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил будани ҷумҳуриамон, яъне 22 июли соли 1989 қабул гардида буд. Дар тӯли бист сол ин сана дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи забон таҷлил карда мешуд ва бо кӯшишу талошҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муқаррароти қонун давра ба давра амалӣ мегардид. Аммо таҳаввулоти муҳими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангие, ки дар тӯли ин солҳо дар кишварамон ба амал омад, зарурати таҷдиди назар намудани Қонуни забонро ба миён овард. Бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба талаботи замони муосир Қонуни нав дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 5 октябри соли 2009 ба тасвиб расид. Умед Давлатзод ҳамзамон аз фаъолияти Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ёдовар шуда, дастовардҳои дар ин самт ноилгардидаро зикр намуд. Дар маҳфиле, ки бахшида ба гиромидошти забони давлатӣ баргузор гардид, ҳамчунин шоира Адибаи Азиз ва номзади илмҳои филологӣ Баҳриддин Ализода ширкат варзида, фикру андешаҳои худро вобаста ба Қонуни ҷадид ва дар амал татбиқ намудани талаботи он, истифодаи дурусти калимаю ибораҳо дар муошират ва коргузориҳо иброз намуданд.

Октябрь 6, 2010 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш