БАҲСИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ

Октябрь 29, 2010 14:38

 Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Файзиддин Фозилов, имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои муносибатҳои меҳнатӣ  ва рушди иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» оғоз гардид. Конфронси мазкур бо ибтикори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҶТ дар мувофиқа  бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид.    Дар кори конфронс олимону коршиносони варзидаи соҳаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳои гуногун, ташкилоти байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ , ки  ба масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ ва рушди иҷтимоӣ машғул мебошанд, ширкат доранд.    Дар ҳамоиши илмию амалӣ проблемаҳои рушди иҷтимоӣ, муносибатҳои меҳнатӣ,      танзими содироти муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар макотиби таълимоти умумӣ ва олӣ, масъалаи бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва омода намудани мутахассисони бозоргир тибқи талаботи рӯз баррасӣ   мешаванд. Дар ҷаласаи пагоҳирӯзии конфронс иқтисодшиноси маъруф Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Г.В Кошлаков, Х. Ғафуров, муовини аввали вазири меҳнат  Э.Н. Сангинов, директори Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ С.Ҷ. Комилов оид ба даҳҳо проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа суханронӣ намуданд.    

Октябрь 29, 2010 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд