БА 48 ҲАЗОР НАФАР МАҚОМИ БЕКОРӢ ДОДА ШУД

Октябрь 13, 2010 13:26

          Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол (аҳолии машғули кор ва бекорони расман  ба қайд гирифташуда) аз рӯи баҳои пешакӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2 млн. 146,8 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ин 2 млн. 98 ҳазор нафар ё 97,8 фоизи он  ба корҳои  иқтисодӣ машғуланд. Ба 48 ҳазор нафар расман мақоми бекор дода шудааст, ки ин 2,2 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад.             Аз шумораи умумии аҳолии ба кор машғул шумораи дар рӯйхатбудаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият 1 млн. 35 ҳазор нафар ё 49, 3 фоизи шумораи умумии аҳолии ба кор машғулро ташкил дод.             Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи август нисбат ба моҳи июли соли ҷорӣ 0,4 фоиз кам  шудааст.             Шумораи кормандони кироя дар соҳаи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ дар 9 моҳи соли 2010 нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 -0,8 фоиз зиёд ва дар соҳаи ғайриистеҳсолӣ бошад, 0,4 фоиз  кам шудааст.

Октябрь 13, 2010 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд