БА СОХТМОНЧИЁН ИМТИЁЗИ АНДОЗ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар доираи амалӣ гардидани маҷмӯи барномаи рушди сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2007 – 2015 шаҳрдорӣ ният дорад барои сохтмончиёне, ки иншооти истиқоматӣ бунёд мекунанд, андози имтиёзнок муқаррар намояд. Боиси зикр аст, ки Ҳукумати шаҳри Душанбе ба пешвози таҷлили ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба истифода додани беш аз 100 иншооти гуногунро ба нақша гирифтааст. Дар доираи сохтмони ин иншоот, ҷойи асосиро бунёди хонаҳои наву замонавии истиқоматӣ барои аҳолии шаҳри Душанбе ишғол менамояд.