БАРАКАТ ДАР ЯК ДОНА АСТ

Октябрь 1, 2010 09:27

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 27 –уми сентябри соли ҷорӣ аз майдони 242 ҳазору 274 гектар   кишти гандум беш аз 231 ҳазор гектари он даравида шуда, ҳосили наздик ба 227 ҳазор гектари он кӯфта гирифта шудааст.    Бояд таззаккур дод, ки соли ҷорӣ бо сабаби хушксолӣ давлатҳои истеҳсолкунандаи гандум ҳосили зарурӣ гирифта натавонистанд. Дар  ин бора Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҳафтаи сипаришуда дар ҷаласаи навбатии худ дар Рим  хабар дод.    -Айни замон нархи як тонна гандуми истеҳсолшуда дар ИМА 309 доллар ё нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 50 фоиз боло рафтааст. Дар як қисми давлатҳои сайёра бошад, арзиши истеҳсоли 1 тонна гандум дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 80 фоиз баланд рафтааст. Дар баробари ин, нархи дигар зироатҳои кишоварзӣ — ҷав ва ҷуворимакка ду баробар ва  арзиши биринҷ бо сабаби обхезӣ дар Покистон, ки яке аз се давлати калонтарини истеҳсолкунандаи ин навъи зироат маҳсуб мешавад, 7 фоиз  боло рафта бошад ҳам, аз  ин набояд хавотир шуд,- гуфта шудааст дар маърӯзаи солонаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ.    Ҳоло ҳосили ҷамъоваришудаи гандум дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ба 517 ҳазору 832 тонна расонида шудааст. Аз ин рӯ дар ҷумҳурӣ тамоми қувваро барои ҷамъоварии ғалладона, аз ҷумла гандум равона бояд кард, то ки охирин донаи гандум беталаф ҷамъоварӣ гардида,   мардум аз ин зарар набинанд. Чунон ки мегӯянд, баракат дар як дона аст.    Бо вуҷуди ҳамаи ин, парлумони Қазоқистон созишномаи  Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба  дастрас намудани гандум баррасӣ намуд ва дар  барои  ба миқдори номаҳдуд  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани орду гандум   қарор  қабул намудаст, ки ин  боиси   сипос аст.

Октябрь 1, 2010 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд