ЧАРО ХУДКУШӢ ДАР СУҒД МЕАФЗОЯД?

Октябрь 13, 2010 08:59

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми нӯҳ моҳи соли 2010 дар қаламрави вилояти Суғд 252 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 адад зиёд мебошад.  Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки ҳамагӣ дар 5 шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Истаравшан, Ашт, Спитамен, Шаҳристон ва Зафаробод миқдори ҷиноятсодиркунӣ кам шуда, беҳбудӣ ба назар мерасад. Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар қаламрави вилоят корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда бошад ҳам, камбудиву норасоиҳо низ вуҷуд доранд. Мавриди зикр аст, ки баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуби терроризм ва ифротгароӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ташкил гардида, фаъолияти густурда доранд. Аъзои гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Зафаробод, Мастчоҳ ва ғайра ҷиҳати тавсиаи донишҳои сиёсӣ ва тарбияи ҳуқуқию ватанпарварии шаҳрвандон, фаҳмонда додани мазмуну моҳияти сиёсати феълии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби занон, ҷавонон ва наврасон, роҳ надодан ба сар задани ҳодисаҳои номатлуб дар ҷои зисти аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо бо иштироки васеъи омма вохӯрию машваратҳои зиёд доир намуданд.

Октябрь 13, 2010 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд