ДИЛБАР ХОҶАЕВА; УМЕДИ МУХОЛИФИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН БАРБОД РАФТ

Октябрь 5, 2010 10:26

«Ҳамватанонам маро дилгир намуданд!»- чунин буд натиҷаи асосии конфронси матбуотие, ки 29.09.2010 мухолифи давлати тоҷикон, сарвари ҳаракати ғайриқонунии «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев дар маркази матбуотии Агентии «Интерфакс» дар шаҳри Маскав, доир намуд. Дар сухани муқаддимавии худ Додоҷон Атовуллоев гуфт, ки маҷбур аст ба сиёсат даст занад, ҳарчанд худро ҳамеша ба журналистика пайванд медонад.  Вале ҷавобҳои вай ба саволҳое, ки зимни нишасти матбуотӣ ба ӯ дода мешуданд ва муроҷиати ӯ ин нуктаро таъкид карда натавонистанд. Ҳамаи «факту рақамҳои» овардаи ӯ бӯи дурӯғ мекарданд.Аз ҷумла, вай ягон чизи нав дар бораи сабабу рафти ҳодисаҳои водии Рашт гуфта натавонист, ҳарчанд хозирин аз ӯ махсус шарҳи ҳамин воқеаҳоро интизор буданд. «Ноӯҳдабароёна, номуназзам, ғаразнок ва бисёр пурэҳсос,- чунин баҳо доданд мутахассисон ба нишасти матбуотии баргузоршуда». Бовар кунед, Атовуллоев худро на ин тавр нишон медиҳад, ҳарчанд ин ба рафтору гуфтори ӯ бисёр монанд аст, зеро ӯ дар соли маймун таваллуд шудааст. Тибқи мучал ин гуна одамон «ба оши дигарон ҳамроҳ шудан ва ба воқеаҳои рӯйдода аз як ҷониб истода нигоҳ карданро бисёр дӯст медоранд». Вақте ки ба Д. Атовуллоев журналистони ватанӣ саволдиҳиро оғоз намуданд, "калами мухолифини тоҷик» ба ғазаб омада гуфт, ки ӯро аз саволҳои тоҷикон озод намоянд. Барои журналисти гурезаи тоҷик бисёр нофорам буд, вақте гуфтаҳояшро рад менамуданд. Журналистони тоҷикро фаҳмидан мумкин буд, зеро ҳамватани онҳо тӯли солҳои зиёд дар ватан набуд ва бо такя ба овозаҳо ақидаҳои хешро баён менамуд. Дар хулосаҳои ӯ мантиқ ҷой надошт, факту рақамҳо ба ҳақиқат рост намеомаданд. Ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ чунин менамуд, ки сӯҳбат дар чорабинии расмӣ не, балки дар ким-кадом гӯшаи холӣ мегузарад; мешинем, гӯш мекунем ва ғайбат мекунем. Журналистони дар конфронс ҳузурдошта аз маърӯза ва ҷавоби саволҳои додашуда, дар мавриди вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи қувваҳои ҳақиқии он чизе нафаҳмиданд. Д. Атовуллоев зимни суханронӣ ва саволу ҷавоб чандин маротиба дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои таҳқиромез гуфт, вақте ки дар толор нишастагон ба ӯ зиддият нишон доданӣ шуданд, ӯ ба журналистон имкони изҳори ақида надода, бо кӯмаки роҳбари маркази матбуотии «Интерфакс» онҳоро аз ҳуқуқи гап задан маҳрум намуд. Ҳамчунин, ҷаноби Атовуллоев бо асабият изҳор намуд, ки ӯро пайваста шахсоне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд, таъкиб менамоянд. Вале ҳамаи кӯшишҳои Атовуллоев барои сиёҳ нишон додани роҳбарияти имрӯза ва вазъияти Тоҷикистон ва ба ҳамин васила ба миён овардани норозигии мардум аз сиёсати Эмомалӣ Раҳмон дар байни ҳозирин вокуниши манфиро ба амал наовард. Шаҳрвандони Тоҷикистон зимни суханронии хеш ба Д.Атовуллоев саволҳое доданд, ки ӯро ба ғазаб овард. Зиёда аз ин Атовуллоев худ ҳадафи таҳқир барои ҳамватанонаш гардид, зеро онҳо барои суханҳои гуфтааш аз ӯ исботу далел талаб намуданд. Нишасти матбуотӣ бо чунин шакли гуфтугӯ хеле хуб ба анҷом расид ва ба он журналисти мустақил, ки худро дар ин чорабинӣ аз Оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» муаррифӣ намуд, нуқтаи таммат гузошт: «ҷаноби Атовуллоев бо журналистони тоҷик хоҳиши гуфтугӯ надошта барӯи тамоми мардуми тоҷик туф намуд». Ӯ «тамоми гуфтаҳои Д. Атовуллоевро суханҳои ифлос ва фармоиши навбатӣ номид». Нафари дигар аз тоҷикони дар толор буда, ӯро тарафдорӣ намуда гуфт, ки аз одами лаънаткардаи падар чиро ҳам интизор бояд шуд…. Мақсади гузаронидани нишасти матбуотиро фаҳмидан душвор нест. Д. Атовуллоев бори дигар аз худ дарак дод; «Ӯ ҳаст»! Ин вазъият ва рӯҳияи нишасти матбуотӣ шаҳодат аз он дод, ки нағмаи навбатии журналисти гуреза барбод рафт. Уме ва муваффақият, ки Д. Атовуллоев ва қувваҳои дар паси ӯ истода ба он доштанд, пош хӯрд. Ин ҳолатро мухолифи давлати тоҷикон худ низ эҳсос намуд: Пешгӯии воқеаҳои сиёсии дар пешистода на он кадар боварибахш буд ва ба ҷойи қаноатмандӣ ӯ маҷбур шуд, ки ғаму андӯҳро эҳсос намояд. Ӯро фаҳмидан мумкин аст, дар ниҳояти кор маблағи гирифтаро бояд баргардонд. 

Октябрь 5, 2010 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст