ДУЗДӢ ДАР РӮЗИ РАВШАН
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ ба ШКД ноҳияи Рӯдакӣ аризаи нафақахӯр, Абдуллоев Тошмат, соли таваллудаш 1939, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Тезгари-Болои ноҳияи Рӯдакӣ ворид шуд, ки 3 апрели соли ҷорӣ шахсони номаълум ба ҳавлии нафақахӯр ворид шуда, аз оғилхонааш 2 сар моли калони шохдорро, ки арзишашашон 5000 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Абдуллоев танҳо баъди 6 моҳ бо ариза муроҷиат намудааст. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, аз ҷониби шӯъбаи корҳои дохилии Балҷувон тафтиш идома дорад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Маҳмадулло Асадуллоев-сардори маркази матбуоти ВКД хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






