ФАРЗАНДОН КОРИ НЕКИ ПАДАРРО ИДОМА МЕДИҲАНД

Октябрь 29, 2010 10:41

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабив).-Имсол ҳам аз ҷониби сарпарасти мактаб Маҳмадёр Сафаров 5 адад компютер ва толори варзишӣ бо таҷҳизотҳои нав муҷаҳҳаз гардид, иттилоъ дод, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 45-и ноҳияи Шаҳринав Ҳалима Зиёдуллоева. Мавриди зикр аст, ки соли 2000-ум бо ташаббус ва маблағгузории Ҳоҷи Шариф Сафарзода дар мактаби рақами 45  5 синфхона сохта ба истифода дода шуд. Ин шахси ватандӯст худи ҳамон сол 9 адад компютер низ тӯҳфа намуд. Соли 2007 Ҳоҷи Шариф Сафарзода сол то сол афзудани теъдоди хонандагонро ба инобат гирифта, дар бинои дуошёна 4 синфхона ва синфи компютериро бино намуд. Баъд аз вафоти шодравон Ҳоҷи Шариф Сафарзода соли 2009 фарзандонаш кори неки падарро идома дода, ҳамасола дар таъмир ва ободонии мактаб саҳми арзанда мегузоранд.

Октябрь 29, 2010 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш