МАЪЮБОНРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, дар буҷаи соли 2011 барои таъмини маъюбон бо нафақа, кӯмакпулӣ, доруворӣ ва табобат 97 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Боис ба ёдоварист, ки барои таъмини нафақа ва дигар кӯмакпулиҳои маъюбон дар буҷаи соли 2010 ҳамагӣ 84 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Зиёд шудани 13 млн. сомонӣ дар буҷаи соли 2011 нисбат ба соли 2010 боз як ғамхории навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳаққи ин тоифаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманди ҶТ мебошад. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 152 ҳазор нафар маъюбон ба қайди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гирифта шудаанд, ки 20 ҳазор нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. -Дастгирӣ ёфтани лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» аз ҷониби вакилони палатаи поёнии порлумон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 1 –уми октябри соли ҷорӣ бозгӯ аз ғамхориҳои навбатии давлати Тоҷикистон дар ҳаққи маъюбон дониста мешавад,- афзуд М. Маҳмадаминов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






