МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МАҶИД НОМҶЎЙ

Октябрь 1, 2010 10:04

        01 октябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Номҷўро, ки барои иштирок дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории дуҷониба ва мулоқоти вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд. Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар маҷмўъ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. ҳамзамон бо ин вусъати бештар ва хислати муназзам касб кардани ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷараёни иҷрои саривақтии тавофуқоти сершумори дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат матлуб дониста шуд. Таъкид гардид, ки барои дар зимистони пешомад ба кор даровардани чархи якуми нерўгоҳи обии Сангтўда – 2 бояд аз тамоми имкону захираҳо истифода карда шавад. Вусъат додани корҳо барои татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ оид ба пайванди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли барқи ду кишвар тавассути қаламрави Афғонистон аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.

Октябрь 1, 2010 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд